Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: 6,5 миллион доллар зарари маҳдудияти барқ


Дар натиҷаи маҳдудияти қувваи барқ корхонаҳои вилояти Суғд беш аз 23 миллион сомонӣ, ё 6,5 миллион доллари амрикоӣ, зарар дидаанд. Дар ин бора раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни як нишасти матбуотӣ эълон кард. Ба гуфтаи ӯ, беш аз ҳама корхонаҳои пахтатозакунии вилоят аз норасоии барқ зарар дидаанд, ки ҳаҷми он ба 15 миллион сомонӣ мерасад. Зарари корхонаҳои дигари саноъатӣ беш аз 8 миллион сомониро ташкил намудааст.

XS
SM
MD
LG