Пайвандҳои дастрасӣ

Афроди ношинос компутари вазорати дифоъро рабуданд


Аз мошини вазорати дифоъи Бритониё як компутари дастӣ бо иттилоъи инфиродӣ дар бораи тақрибан 600 ҳазор нафар рабуда шуд. Дар ин бора вазири дифоъи Бритониё Дес Браун хабар дод. Гуфта мешавад, ки дар компутар иттилоъ дар бораи кормандони вазорат ва номзадҳо ба хизмати низомӣ тибқи қарордод ҷой доштааст.

Бори аввал нест, ки дар Бритониё ин гуна ҳодиса рух медиҳад. Моҳи ноябри соли гузашта аз идораи андоз дискҳо бо иттилоъ дар бораи 25 миллион сокинони кишвар ғайб заданд.
XS
SM
MD
LG