Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лаҳистон веторо бекор карданист


Лаҳистон гуфт, ки дар пайи ҳал шудани даъвои миёни Варшававу Маскав омода аст ветои худро аз музокироти ҳамкориҳои тиҷоратии миёни Иттиҳодияи Аврупову Русия бардорад. Бо чунин мазмун имрӯз дар Маскав дар пайи мулоқот бо вазири хориҷаи Русия раҳбари сиёсати хориҷии Лаҳистон Радослав Сикорский изҳороте пахш кард. Чанде пеш Русия қарори манъи харидории гӯшт ва моли кишоварзии Лаҳистонро бекор кард. Дар посух, раиси сиёсати хориҷии Русия гуфт, ки Маскав мехоҳад, ки Варшава нигарониҳои кишварашро аз барномаҳои ИМА барои истиқрори сипари зиддимушакӣ дар Лаҳистону Ҷумҳурии Чех дарк кунад. Сергей Лавров гуфт:

"Мо ба пешравиҳо дар музокироти сиёсии худ таъкид мекунем. Ин мулоқоти дуюми воқеии мо бо оқои Сикорский аст. Дар сатҳи муовинҳои мо ҳам музокироти комил дар масъалаи сипари дифойӣ ба роҳ монда шудааст. Дар самти содироти моли кишоварзии Лаҳистон ба Русия ҳам пешравиҳо ба даст омадааст".

Дар пайи сардиҳои дусола дар равобити Варшававу Маскав нахуствазири нави Лаҳистон Доналд Туск беҳбудии равобит бо Русияро аз ҳадафҳои аслии худ қарор додааст. Вай бояд 8 феврал бо як сафари корӣ вориди Маскав шавад.

XS
SM
MD
LG