Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтиёти Ироқ ба кӯмаки нирӯҳои хориҷӣ


Вазорати дифои Ироқ гуфтааст, ки ин кишвар ба эҳтимоли зиёд боз ба мӯҳлати 10 соли дигар ба кӯмаки нирӯҳои хориҷӣ барои ҳимояти марзҳояш ниёз хоҳад дошт. Абдул Қодир, вазири дифоъ дар мусоҳиба ба "Ню Йорк Таймс" гуфт, ки мақомоти ироқӣ бовар надоранд, ки нирӯҳои амниятии Ироқ тавони таъмини амнияти миллии кишварро то соли 2012 хоҳанд дошт. "Ню Йорк Таймс" мегӯяд, ки оқои Қодир феълан бо як сафари корӣ дар Амрико ба сар мебарад ва талош дорад, кӯмаки фаннии ин кишварро дар шакли чархболҳо, танку тӯпхонаҳо ва аслиҳа барои артиши Ироқ дарёфт кунад.
XS
SM
MD
LG