Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран гурӯҳе аз ҳунармандони театри Олег Табакови Маскав бо сафари ҳунарӣ ба Прага омада, чанд спектакли ҷолиб намоиш доданд. Дар байни онҳо Сергей Безруков низ ҳузур дошт.

Ин ҳунарманди ҷавон нақши Саша Белов дар сериали «Бригада»-ро офарида, на танҳо дар Русия, балки дар собиқ Шӯравӣ низ машҳур шудааст. Филми Бригада дар Тоҷикистон ҳам сару садои зиёде ба бор оварда буд. Сергей Безруков дар як сӯҳбати хос бо хабарнигори радиои «Озодӣ» Искандари Хоҷамирзода дар бораи наворгирии Бригада, нақшаҳои ояндааш ва муносибаташ ба Тоҷикистон қисса кард.

Сергей Безруков нақл мекунад, ки дар филми нави "Таътил дар режими шадид" нақши ҷинояткорро меофарад. Ин филм соли 2008 намоиш дода хоҳад шуд. Дар он ҷо ӯ боз ҳам бо қонун ихтилоф дораду рафиқаш аз «Бригада» - Космос, афсари милиса. Сергей мегуяд, дигар намехоҳад идеали наврасоне бошад, ки мисли Саша Белов (қаҳрамони Безруков дар филми «Бригада») бо роҳи зӯриву поймол намудани қонунҳои давлати бесоҳибу фосид барои худ сарнавишт месозад:



Сергей Безруков:
"Хушҳолам, ки ин ҷо ман нақшҳои классикии русиро мебозам. Вақте маро ҳамчун Саша Белов мешинсанд, бароям ҳамчун ҳунарманд нороҳаткунанда аст. Шояд ҳаводорони филми Бригада аз ин хушҳол шаванд, вале мехоҳам мардум нақшҳои дигари офаридаамро низ донанд. Дар Русия маро ҳамчун офарандаи нақши Пушкин ва Есенин низ мешиносанд. Хушҳолам, ки барои баъзеҳо нақши афсанри милиса аз филми Участок маъқул аст."

Искандар: Вале садҳо ҳунарманди хубро метавон ёдовар шуд, ки ҳеҷ гоҳ чунин нақши маҳбубу маъруф наофаридаанд. Баъди тамошои Бригада дар садҳо шаҳру ноҳияи Русияву собиқ Шӯравӣ ҷавонону наврасон дар паи ташкили Бридагаҳои маҳаллӣ шуданд.

Безруков: "Ман ин нақшро дӯст медорам. Нақши Саша Белов маро дар қаламрави собиқ Шӯравиву собиқ лагери сотсиалистӣ машҳур намуд. Ин як пойгоҳ аст. Акнун мардум мехоҳанд бубинанд, ки боз чӣ аз дастам меояд. Дар ин вазъ муҳим аст, ки ман бо идомаи ҳамон нақши Саша Белов машғул нашавам. Ҳар дафъа зарур аст, ки як чизи нав матраҳ намоям."

Искандар: Дар Тоҷикистон филми Бригада сару садои зиёд ба бор овард. Саша дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамроҳ бо ҷавони тоҷик Фарҳод Ҷӯраев ифои хидмат мекунад ва баъдан бо ӯ ва ёронаш чанд амали муштараки ҷиноӣ тарҳрезӣ мекунад.

Сергей Безруков: "Воқеан бо Фарҳод ман пеш аз наворгирии Бригада ошно будам. Мо дар хобгоҳи Донишгоҳи кинои Русия (ВГИК)

Сергей Безруков пас аз мусоҳиба бо ҳамкори мо Искандари Хоҷамирзода, 9 декабри соли 2007.

шинос шудем. Он вақт ман авввлин филмам «Ноктюрн для барабана и мотоцикла»-и коргардон хонум Карине Фалиянтс нақши барабанбозро офаридаам. Бародари Карине Саша ба ман барабан насб карду ман навохтани онро машқ мекардам. Рӯзе Саша ҳамроҳ бо Фарҳод омаду гуфт. ки ӯ ҳам дар ВГИК таҳсил мекунад. Ҳамин гуна мо бо Фарҳод ошно шудем. Аз ин рӯ, вақте мо нақши ду дӯстро мебозидем, ҳама чиз табиӣ буд".

Искандар: Ҳунарпешаи театри Виктюки Маскав Фарҳод Маҳмудов зодаи Узбакистон аст. Вале Сергей мегӯяд, наздикии ӯ бо Тоҷикистон таърихи тӯлонитар дорад.

Сергей Безруков: "Замоне имкон доштам, ки ба Тоҷикистон сафар кунам, вале нашуд. Дар солҳои Шӯравӣ табодули мактабхонҳо маъмул шуда буд. Ба мактаби мо хонандагон аз Тоҷикистон омаданд. Дар хонаи мо Умед ном тоҷикписаре иқомат дошт. Баъд аз муддате мо бояд бо сафари ҷавобӣ ба Душанбе рафта, дар хонаи дӯстонамон иқомат ва дар мактаби онҳо таҳсил мекардем. Пеш аз сафар ман бемор шудаму ба ҷои ман каси дигар ба шаҳри Душанбе рафт. Онҳо аз Душанбе ба ман занг зада, хабар доданд, ки хурмо мехӯранд. Вале ман гуфтам, ки бемор ҳастам. Ҳамин тариқ бахт омад накард, ки ба Душанбе равам. Хуллас, аз Тоҷикистон зиёрат накардаам.

Искандар: Ҳамон тавре, ки шоири рус Есенин аз Шарқ илҳом мегирифт, қиссаҳои Умед дар бораи Тоҷикистону қуллаҳои сарбафалаки Помир ба Сергей рӯҳи тоза бахшидаанд.

Сергей Безруков: "Агар аснои наворгирии филм ва ё бо спектакле ба Тоҷикистон равам, хеле хушҳол хоҳам шуд. Русҳо доимо ба Қафзоқу Осиёи Марказӣ майл доштанд. Масалан, худи ман таронаҳои гурҷиро дӯст медорам. Ҳамин гуна манзараи масҷидҳои қадимии Тошканду Бухороро дидан мехоҳам. Мехоҳам ба фазои Хоҷа Насриддин ворид шавам. Зимнан, Есенин ҳам аз Тошканд зиёрат кардааст. Шириниҳои шарқӣ, Бухорои қадимӣ, хуллас, мехоҳам ин манзараҳоит нотакрорро бубинам."

Аснои зиёрат аз Прага Сергей Безруков дар намоишномаи Саргузаштҳои Карбаускис, ки бар асоси «Ҷонҳои мурда»-и Гогол таҳия шудааст, нақши Чичикови маккорро офарид. Ҳамчунин дар арафаи соли нави 2008-ум идомаи филми маъруфи «Истеҳзои сарнавишт», яъне «Ирония судьбы – продолжение» ба бозор бароварда шуд. Дар он Сергей Безруков яке аз нақшҳои асосӣ Ираклийро бозӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG