Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Ал-Барадей аз амнияти мушакҳои Покистон


Муҳаммад Ал Барадей – раиси Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаӣ аз он нигарон аст, ки гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд ба силоҳи ҳастаии Покистон даст ёбанд. Ин изҳороти Барадей дирӯз дар рӯзномаи "Ал Ҳаёт"-и чопи Бейрут нашр шуд.

Покистон дорои тақрибан 50 мушаки ҳастаист ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз он ҳарос дорад, ки бар асари бенизомиҳо дар кишвар шояд гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро барои соҳиб шудан ба ин мушакҳо талош кунанд.

XS
SM
MD
LG