Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоҳиран Саакашвилӣ боз президенти Гурҷистон шуд


Дирӯз раъйдиҳандагони Гурҷистон дар интихоботи президентии ин кишвар иштирок карданд.

Президенти кунунии Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ саъй дорад, бори дигар раисҷумҳур пазируфта шавад. Шаш нафар ва аз ҷумла номзади эътилофи ҳизбҳои мухолифин Леван Гачечиладзе бо Саакашвилӣ рақобат доранд.

Барои пирӯзии комил дар даври аввал яке аз номзадҳо бояд беш аз 50% овозҳоро касб намояд.

То ҳанӯз омори расмии интихобот интишор нашудааст. Ҳисобҳои ғайрирасмӣ ё худ exit-poll аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Михеил Саакашвилӣ бо наздик ба 54 фоизи раъйҳо дастболо шудааст. Вале мухолифин ин оморро дур аз воқеият номидаанд.

Гачечиладзе пайравонашро ба гирдиҳамоии эътирозӣ даъват кардааст. Ба қавли номбурда мухолифин набояд имкон диҳанд, ки Саакашвилӣ натиҷаи интихоботро ба нафъи худ тағйир диҳад. Саакашвилӣ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз бӯҳрони сиёсӣ ин интихоботи пешакиро роҳандозӣ намудааст. Моҳи ноябр полис бо истифода аз зӯр издиҳоми мухолифинро пароканда карда буд.

Интихоботи президентии Гурҷистонро садҳо нозири хориҷӣ муроқибат карданд. Тахмин мешавад, ки имрӯз гурӯҳи нозирони САҲА дар бораи тарзи баргузории интихобот изҳороте ба табъ мерасонад.
XS
SM
MD
LG