Пайвандҳои дастрасӣ

Ду куштаи дигар дар Борикаи Ғазза


Нируҳои Исроил дар Борикаи Ғазза бар зидди тундравҳои исломии фаластинӣ ҳамлаи дигар анҷом додаанд ва дар ин ҳамла ду тундрав кушта шудаанд. Бино ба хабари шабакаи радиоии Овози Фаластин, дар ҳамлаҳои нируҳои Исроил дар 24 соъати гузашта шумораи кушташудагони фаластинӣ ба 11 нафар расидааст. Низомиёни Исроил мегуянд, онҳо дар посух ба мушакпаррониҳои тундравҳои фаластинӣ ин ҳамлаҳоро анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG