Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербия: Иттиҳодияи Аврупо дар дуроҳаи интихоб аст


Воислав Коштунитса, сарвазири Сербия гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо миёни таҳкими равобит бо Белград ва пуштибонӣ аз истиқлоли Косово бояд якеро интихоб кунад. Ӯ афзуд, ки тасмими Иттиҳодияи Аврупо барои фиристодаи ҳайати худ ба Косово метавонад ба равобити миёни Брюссел ва Белград зарба занад.

Интизор меравад, ки ҳафтаҳои наздик вилояти ҷудоихоҳи Косово истиқлоли худ аз Сербияро эълон кунад. Музокироти тулонии миёни Белград ва Приштина дар мавриди мақоми ояндаи Косово бидуни натиҷа поён ёфт.

XS
SM
MD
LG