Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин таъхири Куриёи Шимолиро муҳим намедонад


Давлати Чин - мизбони музокироти шашҷониба оид ба хатми барномаҳои атомии Куриёи Шимолӣ, имрӯз 3 январ гуфт, таъхири ин кишвар дар роҳи ишфои барномаҳои атомиаш як “амри табиӣ” аст. Моҳи феврали соли гузашта Куриёи Шимолӣ ризоият дод, ки дар ивази кӯмакҳои молӣ ва сӯзишворӣ, аз барномаҳои ҳастаиаш даст мекашад, аммо натавонист, реактори атомиашро ғайриқобили истифода кунад ва феҳрасти тамоми барномаву маводи атомии хешро то 31 декабр ифшо накард. Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, шубҳа дорад, ки Куриёи Шимолӣ феҳрасти комилро дар ихтиёри кишварҳои музокироти шашҷониба хоҳад гузошт. Дар ин музокирот ҳар ду Куриё, Амрикову Чин ва Ҷопону Русия шомиланд.

XS
SM
MD
LG