Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот дар Кения ба таъхир афтод


Як намояндаи олимақоми ҳизби мухолифи давлати Кения эълом кард, нерӯҳои мухолиф тазоҳуроти оммави барномарезишуда барои имрӯз 3 январро то ҳафтаи дигар ба таъхир андохтанд. Нерӯҳои мухолиф ба зидди интихоби дубораи Мваӣ Кибакӣ ба мақоми раёсати ҷумҳури ин кишвар эътироз доранд. Пеш аз эъломи нерӯҳои мухолифин, имрӯз ҳазорон тазоҳургаре, ки дар маҳалли тазоҳурот ҷамъ омада буданд, бо кормандони пулис бархӯрд карданд. Аз замони интихоби Мваӣ Кибакӣ ба мақоми раёсати ҷумҳур дар интихоботи ба гуфтаи мухолифин сохтакоришудаи рӯзи 27 декабр, дар натиҷаи низоъҳо дар Кения бештар аз 300 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG