Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Покистон ба таъвиқ наафтодааст


Сарвазири муваққати Покистон Муҳаммадмиён Сумру гуфт, ҳукуматаш дар ҳоли ҳозир нақша надорад, интихоботро ба таъхир гузорад. Сухангӯи Вазорати умури дохилии Покистон, Ҷовид Иқбол Чимо дар бораи авзоъ дар кишвараш дар рӯзи дафни Беназир Бҳутто ба хабарнигорон чунин гуфт: "Мо аз ҳамаи чораҳои мумкин истифода мекунем, то тартибу низомро таъмин кунем. Мо мефаҳмем, ки эҳсосот баланд аст. Эҳсосоти тамоми миллат баланд аст ва одамон мехоҳанд ба кӯча бароянд ва таблиғ кунанд. Биноан, мо аз ҳукуматҳои вилоятӣ хостаем, ҳассос бошанд ва дар ҳолати хеле баланди омодагӣ."
XS
SM
MD
LG