Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги чор нафар зоири тоҷик дар Макка


Ба иттилоъи шуъбаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон оид ба маосили динӣ, чор нафар зоири тоҷик ҳини зиёрати хонаи Каъба дар Арабистони Саъудӣ ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, яке аз онҳо дар водии Мино дар натиҷаи як ҳодисаи ногувор ва се нафари дигар бар асари беморӣ фавтидаанд.

Ба иттилоъи ҳамин манбаъ, имсол аз Тоҷикистон 5 ҳазор нафар барои зиёрати хонаи Каъба озими Арабистони Саъудӣ гаштаанд ва дар назар аст ҳамаи онҳо аз 26 декабр то 8 январи соли оянда тавассути ҳавопаймоҳои хатсайри Ҷидда-Душанбе ба ватан баргарданд.

XS
SM
MD
LG