Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов раиси ҷумҳур интихоб шуд


Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон дар интихоботи дирузи раёсати ҷумҳурӣ пируз шудааст. Кумиссюни Марказии Интихоботии ин кишвар натиҷаҳои муқаддамотии интихоботро ба нашр расондааст, ки тибқи он Каримов 88,1 дарсади райҳоро ба даст овардааст. Баъд аз вай номзад Аслиддин Рустамов аз Ҳизби Халқии Демократии Узбакистон 3,7 дарсад гирифтааст. Ҳайати нозирони Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо мегуянд, дар ин интихобот ҷое барои мухолифони воқеъӣ боқӣ намонда буд ва Узбакистон уҳдадориҳояшро дар баробари ин созмон дар бораи интихоботи демократӣ иҷро накард.
XS
SM
MD
LG