Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз аз гаравпулиҳои гарон дар Эрон


Ширин Ибодӣ, барандаи ҷоизаи Нобел аз гаравпулиҳои гароне эътироз кард, ки додгоҳ барои озодии шартии ду зани боздоштшуда, ки фаъолони ҳуқуқи башаранд, хостааст. Ба гуфтаи Ибодӣ, ин ду зан Марям Ҳусейнхон ва Ҷилва Ҷавоҳирӣ бегуноҳанд. Вале мақомот онҳоро барои дуруғпароканӣ ва таблиғоти зидди низом боздошт кардаанд. Мақолаҳои онҳо дар бораи нақзи ҳуқуқи зан дар як сомонаи интернетии вижаи занон ба нашр расидааст. Додгоҳи инқилобӣ аз Марям Ҳусейнхон 107 000 доллар ва аз Ҷилва Ҷавоҳирӣ 57 000 доллар гаравмоя хостааст.
XS
SM
MD
LG