Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гризлов аз нав раиси Дума интихоб шуд


Имруз дар нахустин иҷлоси Думаи нави давлатии Русия боз ҳам Борис Гризлов раиси Думо интихоб шуд. Аз 450 намоянда 356 нафар ба ҷонибдорӣ аз вай ва 55 нафар мухолиф рай доданд. 2 нафари дигар аз додани рай худдорӣ карданд. Дар иҷлоси имруз ҳамчунин раҳбарони 32 кумитаи Дума интихоб шуданд, ки аксари онҳо аз ҳизби "Русияи воҳид"-и ҷонибдори Кремл мебошанд. Намояндагони чаҳор ҳизби роҳёфта ба Дума ҷиноҳҳои ҳизбии порлмониро ташкил доданд.
XS
SM
MD
LG