Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ғайриинтизори Саркозӣ ба Афғонистон


Президенти Фаронса, Николас Саркозӣ, бо як сафари эълоннашуда, вориди Афғонистон гардид. Аз замони интихоб шуданаш ба мақоми раёсатҷумҳурии Фаронса дар моҳи майи соли равон ин нахустин сафари Саркозӣ ба Афғонистон аст. Вай дар Кобул бо раиси ҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай мулоқот карда, аз маҳалли зисти сарбозони фаронсавӣ дидан хоҳад кард. Фаронса дар Афғонистон 1300 сарбоз дорад, ки асосан дар Кобул ва Қандаҳор ба сар мебаранд. Таъмини икмолотии ин нирӯҳо ба воситаи гурӯҳи сарбозон ва ҳавопаймоҳои Фаронса дар Тоҷикистон ба амал меояд.
XS
SM
MD
LG