Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Доналд Туск аз Ироқ


Нахуствазири нави Лаҳистон Доналд Туск рӯзи чаҳоршанбе аз қароргоҳи сарбозони ин кишвар дар Ироқ боздид кард. Ин қароргоҳ дар шаҳри Девония воқеъ дар 130 километрии ҷануби Бағдод ҷойгир шудааст. Лаҳистон дар Ироқ ҳудуди 900 сарбоз дорад ва мехоҳад, то охири соли оянда онҳоро аз ин кишвар хориҷ кунад. Ҳукумати Лаҳистон рӯзи сешанбе аз раиси ҷумҳури ин кишвар тақозо кард, барномаи ихроҷи нерӯҳо то охири моҳи октябри соли 2008-ро ба тасвиб расонад.
XS
SM
MD
LG