Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА: қазияи "Овоза" бо Райҳона "сиёсӣ" аст


Рӯзноманигорони "Овоза", ки қазияи додгоҳияшонро САҲА "сиёсӣ" номид.

Рӯзноманигорони "Овоза", ки қазияи додгоҳияшонро САҲА "сиёсӣ" номид.

Ба иддаъои САҲА, парвандаи хабарнигорони «Овоза» хислати сиёсӣ пайдо кардааст ва ба нуфузи давлати Тоҷикистон дар ҷаҳон латма мезанад.

Михаэл Унланд, мушовири намояндагии ин созмони байнулмилалӣ дар Душанбе, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки вақтҳои ахир бархӯди давлат бо расонаҳои хабарӣ ва фаъолияти журналистон шадидтар шудааст. Ба унвони мисол, оқои Унланд гуфт, боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи се хабарнигори нашрияи «Овоза» батамом хилофи санадҳои байналмилалист ва аз ин боис, парвандаи мазкур феълан таҳти назари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо қарор дорад. Вай афзуд, парвандаи хабарнигорон Саида Қурбонова, Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимова хислати сиёсӣ гирифтааст ва дар ҳоле ки давлат ба он мудохила накунад, хатари коҳиши имиҷи сиёсии Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ ба унвони як кишвари маҳдудкунандаи озодии сухан дар миён ҳаст. Михаэл Унланд:

Дар ҳоле, ки оқои Унланд, парвандаи хабарнигорони «Овоза»-ро таҳдиди ҷиддӣ ба озодии сухан дар Тоҷикистон унвон кард, нозирони дигари ҳуқуқ аз мавориди шиканҷаву озор ва таъқиби хабарнигорон изҳори нигаронӣ мекунанд. Муҳаммадалии Мақсадулло, корманди ҳафтаномаи мавсум ба «Тоҷикистон», мегӯяд, чанд моҳи пеш аз сӯйи чанд ходими милиса боздошт ва таҳқир шуда, дар пайи он ба мақомот шикоят бурдааст. Аммо баръакс, афсари вазорати корҳои дохилӣ, ки ба ин хабарнигор зӯроварӣ кардааст, оқои Мақсадуллоро барои гӯё тӯҳмат заданаш, ба додгоҳ кашидааст.

«Қавонини байналмилалӣ боз кардани парвандаи ҷиноятӣ барои таҳқиру бӯҳтонро номумкин медонанд, ин гуна баҳсҳо бояд танҳо дар додгоҳи шаҳрвандӣ баррасӣ шаванд. Парвандаи хабарнигорони «Овоза» гувоҳи рӯшани он аст, ки қонуни кайфарии Тоҷикистон нуқс дорад, чун, масалан, таҳқиру тӯҳматро ҷиноят шуморидан ва тибқи ин қонун баррасӣ кардан, боиси коҳиши эътибори давлат ва қонун мешавад. Боз кардани парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи хабарнигороне, ки шояд лаҳни тунду шадид доранд, дар роҳи рушди озодии баён ва кори хабарнигорон мавонеъ эҷод мекунад. Мо аз он нигаронем, ки ин гуна парвандаҳо журналистонро ба худсонсурӣ мебарад, мӯҳтавои нашрияҳо беранг ва аудиторияашон маҳдуд хоҳад шуд, мисле ки имрӯз аст».

Муҳаммадалии Мақсадулло:
«Баъд аз латукӯбу таҳдидҳо, афсарони милиса ҳатто маро таҳдид карданд, ки ту наметавонӣ гуноҳи моро собит созӣ, шоҳид надорӣ. Фикр мекунам, ин таъқиб ба фаъолияти ҳирфаии ман бастагӣ дорад, чун ба касе ғараз надоштам. Вақте нафареро аз мақомот танқид мекунӣ, тамоми сохторҳои қудратӣ аз вай пуштибонӣ мекунанд, аммо ҳеҷ созмони журналисте дар қазияи банда расидагӣ накард, танҳо чанд журналист дар бораи ин қазия дар нашрияҳои худ навиштанд, аммо мо журналистон ҳамраъйӣ надорем, ки аз ин бисёр мутаассифам».

Ҳамроҳ бо оқои Мақсадулло, афсари милиса ҳамчунин Рамзия Мирзобекова, хабарнигори нашрияи «Азия-плюс» ва Саида Қурбонова, сардабири нашрияи тавқифшудаи «Овоза»-ро барои навиштани матолиби интиқодӣ алайҳи ӯ, ба додгоҳ кашидааст. Бо ин вуҷуд, оқои Мақсадулло ва ҳам Саида Қурбонова, ки бо ҷурми таҳқиру бӯҳтон парвандаи ҷиноӣ дорад, мегӯянд, ин таъқибу фишорҳо ба фаъолияти онҳо таъсири манфӣ намерасонад ва ин хабарнигорон мисли пешин матолиби шадидлаҳн хоҳанд навишт. Саида Қурбонова:

«Ман бо вуҷуди ин парванда худсензура намекунам, агар ин тавр намебуд, шояд шикояти дуввум аз

сӯйи як афсари вазорати дохила алайҳи банда ба додгоҳ намерасид. Аммо бо ин вуҷуд, намешавад гуфт, ки журналистон дар Тоҷикистон таъқиб намешаванд, онҳоро мехоҳанд тарс диҳанд, то камтар ба кори мақомот дахл кунанд».

Имрӯзҳо мурофиаи Саида ва ду хабарнигори дигари «Овоза» дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе идома дорад. Қарор буд, ин додгоҳ рӯзи 18-уми декабр ҳукми худро эълом бикунад, аммо ба иллати ҳозир нашудани коршиносони ташхиси забонӣ ба додгоҳ, он ба рӯзи 26-уми декабр таъин шуд.

Шоҳидони мурофиа мегӯянд, рӯзи 14-уми декабр айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи хабарнигорони «Овоза», муовини додситони ноҳияи Фирдавсӣ Хайриддин Қосимов дар ҳузури қозии парванда, вакилони дифоъи хабарнигорон ва нафарони дигар гуфтааст, ки агар муттаҳамин аз Райҳона Раҳимова, овозхоне, ки хабарнигоронро ба додгоҳ кашидааст, расман бахшиш напурсанд, «онҳоро суд мекунад». Ин дар ҳолест, ки танҳо додгоҳ ҳақ дорад муттаҳаминро маҳкум бикунад.

Ёдрас мекунем, хабарнигорон Саида Қурбонова, Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимова дар таҳқири шахсият, бӯҳтон ва мудохила ба зиндагии шахсии Райҳона Раҳимова, овозхони тоҷик, муттаҳам дониста мешаванд. Дар ҳоли собит шудани гуноҳи онҳо дар додгоҳ, хабарнигоронро ҷазои то ду соли маҳрумият аз озодӣ интизор хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG