Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози пас аз тавқифи мурофиаи "Овоза" ва Райҳона (Аксҳо)


Бо гузашти панҷ моҳ аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи хабарнигорони собиқи нашрияи тавқифшудаи «Овоза», онҳо ниҳоятан умеде ба исботи бегуноҳии худ пайдо карданд.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми декабр баррасии парвандаи Саида Қурбонова, Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимоваро аз сар гирифт. Ин се хабарнигори Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон дар таҳқири шахсият, бӯҳтон ва мудохила ба зиндагии шахсии Райҳона Раҳимова, овозхони тоҷик, муттаҳам дониста мешаванд.

Ду моҳи пеш, 16-уми октябр, қозии парванда Акбар Сафаров бо дарназардошти эътирози афроди муттаҳам ба хулосаи ташхиси коршиносӣ, матни мақолаи хабарнигоронро дубора барои бозбинӣ ва таҳқиқи бештар ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти назди Фарҳангистони улум ирсол карда буд. Дар ташхиси такрории лингвистӣ, олимони Пажӯҳишгоҳ мушаххас кардаанд, ки дар мақолаи хабарнигорон бо номи «Райҳона пи-пи-пи-Афғонистон», маълумоте аз сомонаи интернетии mynet.tj иқтибос шудааст ва дар ин матлаб таҳқиру бӯҳтон нисбат ба шахси Райҳона Раҳимова ҷой надорад. Саида Қурбонова, сардабири пешини «Овоза», мегӯяд, дар ташхиси коршиносон, ки ин дафъа, ба назари ӯ, мунсифона сурат гирифтааст, гуфта мешавад, ки Райҳона Раҳимова, дар матлаби журналистӣ танҳо танқид шудааст, ки мувофиқ ба Қонуни асисии кишвар, мумкин дониста мешавад.

Cаида Қурбонова: «Дар матлабе, ки мо пиромуни сафари ҳунарии Райҳона Раҳимова ба Афғонистон иншо карда будем, таҳқиру тӯҳмат ҷой надошт, балки шеваи овозхониву матни сурудаҳои ин овозхон мавриди интиқод қарор дода шудааст. Мутахассисони забоншинос ҳам дар ташхиси дубораи лингвистӣ тасдиқ карданд, ки дар лаҳну услуби навиштаи мо нисбат ба Райҳона Раҳимова ҳеҷ ғараз ё бӯҳтоне эҳсос намешуд»

Ва аммо ҷониби даъвогар, яъне овозхон Райҳона Раҳимова бо хулосаи такрории ташхиси коршиносон розӣ нашуд ва аз додгоҳ тақозо кард, то олимони лингвист, ки ба ин ташхис машғул буданд, ба муҳокимаи додгоҳӣ даъват шаванд ва бевосита хулосаи коршиносонаи худро шарҳ диҳанд.

Райҳона Раҳимова: «Дар ташхиси ин дафъаина коршиносон рӯшану возеҳ нагуфтаанд, ки оё хабарнигорон воқеан маро таҳқир кардаанд ё не. Аз ин рӯ, мехоҳам таҳлилгарон ба додгоҳ биёянд ва хулосаи худро шарҳ бидиҳанд. Ба ман, аслан ин ҳама баҳсу баррасиҳо маъқул нест, ростӣ хаста шудаам аз ин мурофиаҳо. Ман намехоҳам, ин хабарнигорон зиндонӣ шаванд, танҳо ҷазои маъмурӣ бигиранд, ҷарима супоранд, кифоя. Аммо худи ин хабарнигорон парвандаашонро пурсарусадо кардаанд, мехоҳанд бо ин ҳама ба худ карйера созанд, вагарна, ин қазия шояд кайҳо анҷом меёфт».

Бо ин ҳама, бинобар ширкат надоштани муаллифони ташхиси лингвистӣ ин муҳокимаи додгоҳӣ рӯзи ҷумъаи 14-уми декабр идома хоҳад кард. Ташхиси аввалии лингвистиро раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улум Сайфиддин Назарзода анҷом додааст, ки мутобиқ ба он муаллифони мақолаи «Райҳона пи-пи-пи Афғонистон» ба таҳқири шахси Райҳона Раҳимова роҳ додаанд. Зимнан, додситонии ноҳияи Фирдавсии Душанбе 11-уми июли соли равон бар асоси ҳамон ташхиси коршиносӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Дар ҳоле ки Райҳона Раҳимова иддао дорад, ки хабарнигорони «Овоза» як матлаби пурғарази журналистӣ навиштаанд, вакили мудофеъи хабарнигорон Иноят Иноятов мегӯяд, парвандаи ҷиноӣ алайҳи нафарони таҳти ҳимояташ бепоя ва ғайриқонунист.

Ҳарчанд созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон аз боз шудани парвардаи ҷиноӣ алайҳи Саида Қурбонова, Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимова изҳори нигаронӣ карда, хостори лағви ин парванда шудаанд, ва ҳамзамон худи хабарнигорон низ аз раисҷумҳур дархости расидагӣ ба қазияашон кардаанд, мақомот дар ин робита вокунише нишон намедиҳанд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки алайҳи Саида Қурбонова, хабарнигоре, ки феълан парвандааш ҳамроҳ бо ду ҳампешааш дар додгоҳ муҳокима мешавад, ахиран ба ҳамин додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикояти дуввум расидааст. Ин дафъа як афсари вазорати умури дохила Саида Қурбонова ва ду журналисти дигарро дар таҳқири шахсияташ муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG