Пайвандҳои дастрасӣ

Сангтӯда 1 ба зудӣ ба кор оғоз нахоҳад кард


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки бар хилофи ваъдаи пештараи онҳо, нахустин дастгоҳи тавлиди барқи Сангтӯдаи 1 дар таърихи аз қабл таъиншуда, яъне дар 21 декабр мавриди баҳрабардорӣ қарор нахоҳад гирифт. Масъулини ширкати "Барқи Тоҷик" ба хабаргузории давлатии Ховар гуфтаанд, таърихи дигареро барои оғози кори Сангтӯдаи 1 таъйин кардаанд. Иллати ба таъхир андохтани оғози кори ниругоҳи Сангтӯдаи 1 эълон нашуда, аммо масъулин гуфтаанд, имкон дорад, ин нерӯгоҳ рӯзи 30 декабр ва ё авоили соли оянда ба фаъолият оғоз кунад. Ин нерӯгоҳ тавассути ширкати РАО ЕЭС – и Русия дар ҳоли эҳдос аст ва мақомоти олирутбаи Тоҷикистону Русия қавл дода буданд, ки, нерӯгоҳ дар таърихи 21 декабр ба тавлиди барқ шурӯъ хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG