Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи мақомоти Саъудия ба зоирон


Имрӯз Арабистони Саъудӣ ваъда дод, ки дар ҷараёни иҷрои маросими ҳаҷ амнияти беш аз 2 миллион зойиронро аз саросари ҷаҳон таъмин хоҳад кард. Маросими расмии ҳаҷ фардо, душанбе шурӯъ мешавад. Аксар зойирон, аз ҷумла ҳазорҳо зойирони тоҷикистонӣ дар Макка барои анҷоми маросими панҷрӯзаи ҳаҷ гирди ҳам меоянд. Вазири умури дохилаи Саъудия Шоҳзода Найиф гуфт, ки ҳама тадбирҳо ба хотири ҳимояти зойирин аз ҷангиён ва эҷоди издиҳом андешида хоҳад шуд. Соли гузашта чандсад нафар дар натиҷаи шулуғии издиҳоми мардум ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG