Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии футболи Тоҷикистон ба Уммон меравад


Тими миллии футболи Тоҷикистон барои ширкат дар бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Уммон шоми ҷумъаи 14-уми декабр ба ин кишвар сафар хоҳад кард. Ин бозӣ бо даъвати уммониҳо рӯзи якшанбеи 16-уми декабр дар пойтахти Уммон - шаҳри Масқат баргузор хоҳад шуд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳайати дастаи мунтахаб 18 бозигар аз 7 бошгоҳи лигаи олии футболи кишвар ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ҳаштод дар сади аъзои дастаро бозигарони ҷавон ташкил медиҳанд. Аз ҳама бештар - ҳафт нафар - аз тими «Динамо»-и Душанбе даъват шудаанд.

Тими миллии Тоҷикистон моҳи марти соли оянда дар Тайланд дар дуввумин давраи Ҷоми даъвати AFC – Конфедеросиюни футболи Осиё ширкат меварзад.

Тафсилоти ин хабарро дар бахши Варзиши сомонаи Озодӣ бихонед.

XS
SM
MD
LG