Пайвандҳои дастрасӣ

Каспаров аз сабқати президентии Русия даст кашид


Назар ба гузоришҳои расида раҳбари мухолифини Русия Гаррӣ Каспаров бо ишора ба фишори ноодилонаи мақомоти Русия аз пешбарии номзадиаш барои сабқати раёсатҷумҳурии ин кишвар даст кашидааст. Сухангӯёни Каспаров Денис Билунов ва хонум Марина Литвинович дар сӯҳбатҳои алоҳида ба хабаргузориҳои ғарбӣ гуфтаанд, ки мақомот аз баргузории маросими зарурӣ барои пешбарии номзадии Каспаров дар интихоботи раёсатуҷмҳурии 2-уми март ҷилавгирӣ намуда, маъракаи пешазинтихоботии Каспаровро беасар карданд. Ва рӯзи панҷшанбе худи Гарри Каспаров дар ин бора ба бахши русии радиои Озодӣ гуфт:

"Ман маҷбурам бигӯям, ки то имрӯз ман имконияти ташкили чунин як ҷаласарро дар Маскав пайдо накардам. Умедворам, раъдиҳанадгон ба ман бовар мекунанд, ки мо ҳама талошамонро барои пайдо кардани роҳҳалле ба харҷ додем. Ба эҳтимоли зиёд, онҳо як муқаррароти шаддидро дар истифодаи маҷлисгоҳҳо барои ҷамъоварии 500 нафар ва бештар аз он ҷорӣ кардаанд, то ин ки Каспаров ин ҷаласаро дар Маскав баргузор накунад".

Имрӯз мӯҳлати ҷамъи имзоҳои пайравони довталабҳои курсии президентии Русия хотима меёбад.
Барои тасдиқи пешбарии номзад имзои ҳадди ақалл 500 пайрави ӯ лозим аст. Билунов мегӯяд, дар лаҳзаи охирин аз байн рафтани имкони баргузории ҷамъомад дар маҳалли интихобшуда пешбарии номзадиро номумкин кард.
XS
SM
MD
LG