Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

50 ҷангӣ дар ҳамсоягии Мӯсо Қалъа кушта шуданд


Вазорати дифоъи Афғонистон мегӯяд, ки беш аз 50 ҷангиёни Толибон, ки шаҳри Мӯсо Қалъа, воқеъ дар ҷануби кишварро тарк карда буданд, дар ҷараёни даргириҳо барои ҳамла болои як шаҳри марказии дигар кушта шуданд. Рӯёрӯиҳои мазкур, ки дар он артиши Афғонистон ва нирӯҳои ҳавойии НАТО ширкат доштанд, дар маҳалли Сангини вилояти Ҳилманд ҷараён гирифт. Минтақаи Сангин дар ҳамсоягии Мӯсо Қалъа ҷойгир аст ва онро моҳи феврали имсол Толибон забт карда то ҳафтаи ҷорӣ таҳти контроли худ нигаҳ медоштанд. Ва аммо дар натиҷаи як амалиёти густардаи нирӯҳои афғониву эътилофӣ назорат бар ин шаҳр дубора ба дасти ҳукуматиҳо гузашт.

XS
SM
MD
LG