Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як генерали лубнонӣ кушта шуд


Дар миёни дасти кам чаҳор қурбонии куштори имрӯза дар Бейрут як генерали аршади низомӣ Франсуа Ал-Ҳаҷ ҳам ном бурда мешавад. Ин ҳодиса дар маҳалли Баабдаи наздики Кохи раёсатҷумҳурӣ рӯй дод. Тибқи гузоришҳо, Ал-Ҳаҷ яке аз номзадҳои ҷойгузини фармондеҳи артиш генерал Майкл Сулаймон буд, ки ӯро эътилофи раҳбарикунандаи Лубнон ва мухолифин розӣ шуданд ба мақоми раёсатҷумҳурӣ интихоб кунанд. Полис гуфт, ки бовар меравад маводи тарканда зери як мошин насб шуда буд.
XS
SM
MD
LG