Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии барандаи ҷоизаи Нобел аз тағйири иқлим


Ал Гор ҳини маъракаи супурдани ҷоизаи Нобел дар шаҳри Осло, 10 декабри 2007

Ал Гор ҳини маъракаи супурдани ҷоизаи Нобел дар шаҳри Осло, 10 декабри 2007

Барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел Ал Гор гуфт, ба эътимоди вай раисҷумҳурии ояндаи Амрико ба талошҳои ҷаҳонии коҳиши гази карбон ҳамроҳ шуда, кишварро ба самти ҷилавгирӣ аз тағйироти иқлим ҳидоят хоҳад кард.

Дар маросими тақдими ҷоизаи сулҳи Нобел дар Осло рӯзи душанбе вай аз ИМА ва Чин даъват кард, ки ба танқиди ҳамдигар хотима дода, ба муборизаи ҷаҳонӣ зидди гармшавии иқлим бипайванданд. Ҷоизаи сулҳи Нобел рӯзи 10 декабр ба муовини собиқи раисҷумҳурии Амрико Ал Гор ва ҳайати СММ дар умури тағйироти иқлим тақдим шуд. Ал Гор гуфт, ҳатто агар суханҳои ман ҳоло ношунида шавад, ман дуъо мекунам, ки эҳсосоти қалби маро дарк хоҳанд кард ва онҳое, ки ҳарфи маро мешунаванд, мегӯянд: "Мо бояд амал кунем".

Ал Гор бо таъсиси ҷумбиши муҳитзистии худ чандин тарҳи калонҳаҷмро дар самти огоҳонии ҷаҳониён аз хатароти тағйироти иқлим, аз ҷумла наворгирии филме дар ин бора, ки миллионҳо нафар тамошояш кардаанд, анҷом додааст. Тақдими ҷоизаи сулҳи Нобел барои талошҳо дар самти ҷилавгирӣ аз тағйироти иқлим дар шароите сурат мегирад, ки дар ҷазираи Балӣ як нишасти муҳими муҳитзисӣ бо ташаббуси СММ як ҳафта аст ҷараён дорад ва то 14 декабр идома хоҳад кард. Ва яке аз муҳимтарин масоили мавриди нигаронии нишаст ин аст, ки ИМА ҳамоно тақозои коҳиши шадиди партобҳои газҳои гулхонаиро, ки як ҷузви муҳими барномаи нави ҷаҳонӣ дар роҳи муқобила бо тағйироти иқлим то соли 2009 мебошад, қабул кардан намехоҳад.

Ҳарлан Ватсон, раиси ҳайати музокиротии ИМА, бо баёни мавқеи Вашингтон дар ин замина афзуд, ки миқдори тақозошавандаи коҳиши газҳои гулхонаӣ метавонад чун қазовати пеш аз вақт арзёбӣ шавад. Тақозои санади нав ин аст, ки то соли 2020 давлатҳои сарватмандатрини ҷаҳон мизони партобҳои газҳои гулхонаиро аз 25 то 40 дар сад кам кунанд. Вай гуфт, ки Вашингтон хостори шурӯи музокироти дусола дар ин мавзӯъ дар пешорӯи қабули протоколи наве мебошад, ки амалан ба дунболи протоколи Киото баъди соли 2012 қабул хоҳад шуд.

Тарҳи боло бурдани миқдори газҳои гулхонаиро, ки мебояд коҳиш дода шавад, Индонезӣ, Африқои Ҷанубӣ ва Австралия пешниҳод кардаанд ва ҳадаф аз он, ҷилавгирии минбаъда аз тағйироти иқлим ба мисли хушкишавии саросарӣ, обхезиҳо ва болоравии сатҳи баҳр мебошад. Ватсон гуфт, «мо намехоҳем аз арқоми мушаххас шурӯъ кунем» ва афзуд, ки ҳаҷми пешниҳодии коҳиши партобҳо аз 25 то 40 дар сад - як мизони номуайян аст, ки бар асоси арзёбиҳои нокифоя ва ками бахши муҳити зисти СММ мушаххас шудааст. Дар канори Амрико инчунин Ҷопон қабули чунин пешниҳодро рад карда гуфтааст, ки ин иқдом боиси хафашавии рушди иқисодӣ мешавад.

Дар нишасти Бали, ки 10 ҳазор ширкатдорро аз 190 давлати ҷаҳон гирди ҳам овардааст, талош меравад, ки ба дунболи анҷоми протоколи Киото санаде дар самти ташвиқи 36 давлати санъатии ҷаҳон ба коҳиши партобҳои газҳои гулхонайӣ, ки асосан аз маводи сӯхти зеризаминӣ ҳосил мешавад, қабул шавад. ИМА протоколи Киоторо қабул надорад ва мегӯяд, ки он бар зарари иқтисоди Амрико мебошад. Аммо дар айни замон, Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳурии ин кишвар, ки мухолифи протоколи Киото мебошад, гуфтааст, ки ҷонибдори қабули паймони нави муқобила бо тағйироти иқлим мебошад.

СММ мегӯяд, ки кишварҳои санъатии ҷаҳон ба тавофуқ расиданд, ки дар охири соли 2009 дар нишасте дар Копенҳаген созиши наверо ба дунболи протоколи Киото имзо хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG