Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи ҳайати Аврупо дар робита ба Косово


Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавер Солана гуфт, ки 27 узви ин ниҳод ба самти тавофуқи назар дар қазияи Косово ҳаракат мекунанд. Солана изҳороти худро дар пешорӯи нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ироа кард. Рӯзи 10 декабр зарбулаҷали музокироти байналмилалӣ барои таъйини сарнавишти ояндаи Косово сипарӣ шуд. Солана гуфт:

"Ба назари ман, мавқеъҳо дар Иттиҳодияи Аврупо наздик мешавад ва ба фикрам, мо метавонем мавқееро ихтиёр кунем, ки аъзои Иттиҳодияи Аврупо дар он ҳамроҳ хоҳанд шуд ва он масъулиятеро, ки бояд дошта бошанд, ба дӯш хоҳанд гирифт".

Баъзе масъулини ин ниҳод мегӯянд, ки Қибрис танҳо кишварест дар ҳайати онҳо, ки қабл аз эъломи истиқлолияти Косово мехоҳад интизори қатъномаи Шӯрои амнияти СММ бошад. Баъзе шореҳон мегӯянд, ки бо пуштибонии Ғарб Косово то охири январ метавонад истиқлолияти якҷонибаи худро эълон кунад. Дар ҳамин ҳол, як мақоми баландпояи Косово - Искандар Ҳусайнӣ имрӯз дар Приштина гуфт, ки раҳбарони албанӣ пеш аз моҳи майи соли оянда истиқлолияти Косоворо эълон хоҳанд кард. Изҳороти вай дар ҳоле садо дод, ки имрӯз дар пойтахти Косово ҳазорҳо ҷавонон бо шиори тақоззои билофосилаи эъломи истиқлолият раҳпаймоӣ намуданд. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия имрӯз дар Қибрис ҳушдор дод, ки эътирофи истиқлолияти якҷонибаи Косово боиси сар задани як қатор "мушкилоти занҷираӣ" дар Балкан ва фаротар аз марзҳои он хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG