Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушуниди Косово бидуни созиш анҷом ёфт


Миёнаравҳои байналмилалӣ созиши қобили қабул дар масъалаи сарнавишти минбаъдаи вилояти Косовои Сербия пайдо накарданд. Дар гузорише, ки барои дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун таҳия шудааст, ба истилоҳ тройка: ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва Русия навиштааст, ки баъди чор моҳи музокирот ягон роҳи ҳал пайдо нашуд. Сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин аз ҷонибҳо даъват кард, ки музокиротро идома диҳанд. Албанитаборон, ки дар Косово аксариятро ташкил медиҳанд, соҳибистиқлолии комил талаб доранд. Онҳо ҳушдор додаанд, ки метавонанд якҷониба худро мустақил эълон намоянд. Вале Сербия истиқлоли Косоворо қабул надорад. Паймони Нато ваъда додааст, ки 16 ҳазор афсару сарбозашро дар ин устон нигаҳ медорад.
XS
SM
MD
LG