Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нигарониҳо аз интихоботи Русия


Нигарониҳои ҷомеаи байналмилал аз мавориди тақаллубкорӣ дар интихоботи порлумонии Русия афзоиш ёфт, ки дар ин интихобот Ҳизби Русияи Воҳиди раиси ҷумҳур Владимир Путин пирӯз шуд. Президенти Амрико Ҷорҷ Буш рӯзи сешанбе гуфт, ки ҳангоми гуфтугуи телефонӣ бо Владимир Путин нигарониашро аз интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе иброз кардааст. Дафтари умури озодии матбуоти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дирӯз гуфт, ҳангоми корзори интихоботӣ матбуоти Русия озод набуд ва одилона ин маъракаро инъикос накард. Ва Кумиссиёни Аврупо аз Русия хост, то даъвоҳо доир ба таққалубкорӣ дар интихоботро таҳқиқ кунад.

XS
SM
MD
LG