Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози вуруди барқи Туркманистон


Тибқи иттилоъи вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, вуруди барқи Туркманистон ба Тоҷикистон оғоз шудааст. Ба гуфтаи ҳамин сарчашма, таъмири хати интиқоли барқи 500 киловаттӣ аз роҳи Узбакистон ба охир расидааст ва ҳаррӯза тавассути он 2,5-2,7 милиён кВт соат нерӯи барқ ба Тоҷикистон ворид мешавад. Интиқоли барқ аз 30 ноябр оғоз гардидааст ва дар панҷ рӯз 6,9 кВт соат ворид шудааст.

Вале ба гуфтаи коршиносон, 2,5-3 милиён кВт соат дар як шабонарӯз барои ҳалли мушкилоти Тҷокикистон хеле кам аст ва он масъалаи режими барқдиҳӣ дар ҷумҳуриро аз байн нахоҳад бурд. Ҳамзамон ширкати «Барқи тоҷик» хабар додааст, ки дар моҳи декабри соли равон дар назар аст аз Туркманистон 350 милиён кВт соат ба Тоҷикистон ворид шавад, ки онро асосан ширкати алюминии кишвар истифода хоҳад кард ва аз ҳисоби барқи сарфашуда режими барқдиҳӣ ба аҳолӣ як соат бештар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG