Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон силоҳи атомӣ намесозад


Бино ба як гузориши иттилоъотии Амрико, давлати Эрон зоҳиран барномаҳои силоҳҳои атомии худро дар соли 2003 мутавақиф кардааст ва онгуна, ки давлати Амрико пештар тассавур мекард, барои сохтани ин навъи силоҳ азми қавӣ надорад. Вале мегӯяд, ин гузориш Эрон ҳанӯз ғанисозии ураниумро идома медиҳад ва ба эҳтимоли ғолиб то соли 2010 ва 2015 барои сохтани бомби атомӣ ураниуми кофӣ ҳосил хоҳад кард. Стефан Ҳадлӣ мушовири амниятии миллии ҳукумати Амрико гуфт, дар ин гузориш аз талошҳои раиси ҷумҳур барои афзоиши фишор ба Эрон тарафдорӣ шудааст.
“Ин гузориш таъйид мекунад, ки мо барҳақ доир ба Эрон нигарон будем, ки дар пайи дастёбӣ ба силоҳи атомист. Аз сӯи дигар дар гузориш омадааст, ки мо барои роҳ надодан ба ин амр пешрафт кардаем. Аммо ҳамзамон гузориш мегӯяд, ки хатари он ки Ирон ба силоҳи атомӣ соҳиб шавад, ҳамчунон ҷиддӣ боқӣ мемонад.”
Гузориши мазкур бар асоси иттилоъоти 15 оҷонси ҷосусии Амрико таҳия шудааст.
XS
SM
MD
LG