Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон дар соли 2010 раиси САҲА мешавад


Қазоқистон нахустин кишвари шуравии собиқ хоҳад буд, ки дар соли 2010 раёсати Созмони Ҳамкориву Амнияти Аврупоро (САҲА-ро) бар уҳда хоҳад гирифт. Мигуел Ангел Моратинос-вазири хориҷаи Испонё, ки ҳоло кишвараш раёсати даврии ин созмонро бар уҳда дорад, гуфт, баъд аз Қазоқистон соли 2011 мумкин аст Литва раёсатро бар уҳда бигирад. Вале қабл аз Қазоқистон дар соли 2009 Юнон раёсати САҲА-ро уҳдадор хоҳад буд. Соли оянда, яъне соли 2008 Финлонд ин мақомро бар душ мегирад
XS
SM
MD
LG