Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савганди Мушарраф ба ҳайси президенти ғайринизомӣ


Парвиз Мушарраф бояд имрӯз ба ҳайси раиси ҷумҳурии Покистон барои мӯҳлати дуюми панҷсола савганд ёд кунад. Аммо ин навбат вай ба ҳайси як шахси мулкӣ ин курсиро ишғол хоҳад кард. Дирӯз Мушарраф дар як маросиме дар Равалпиндӣ аз салоҳиятҳои низомии худ даст кашид. Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳурии Амрико ҳамтои покистониаш Парвиз Мушаррафро бо хатми масъулиятҳои низомии вай ва, ба қавли Буш, ҳаракаташ ба самти демократияи бештар табрик кард. Аммо дар сӯҳбат бо телевизиони CNN вай аз Мушарраф даъват кард, ки ба зудтарин фурсат вазъи изтирории кишварро дар пешорӯи интихоботи парлумонии 8 январ бекор кунад.

XS
SM
MD
LG