Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: "Ҳамлаҳо шӯришиёнро ҳадаф қарор додааст"


Вазорати дифои Амрико гуфт, ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Афғонистон, ки тибқи гузоришҳо 14 сохтмончии роҳро кушта ба ҷо гузоштааст, алайҳи шӯришиён равона шуда буд. Сухангӯи Пентагон Ҷефф Морелл ин ҳамларо чун як амали шаръӣ хонда гуфт, ки нирӯҳои таҳти раҳбарии НАТО дар вилояти шарқии Нуристон бар пояи маълумоти қобили эътимод ин ҳамларо анҷом доданд. Сухангӯи амрикойӣ гуфт, ки дар ин маҳал ҳеҷ гуна дастгоҳҳои сохтмонӣ ба назар намерасид ва мақомоти амрикойӣ бовар доранд, ки фармондеҳи толибон дар ғарби Нуристон Абдуллоҷон метавонист дар ин бомборон ба ҳалокат расад.
XS
SM
MD
LG