Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Косово бидуни натиҷа анҷом шуд


Раҳбари минтақаи ҷудоихоҳи Косовои Сербистон Фатмир Сейдию гуфт, ки даври ниҳоии музокироти байналмилалии сари ояндаи Косово бидуни тавофуқе ба анҷом расид. Ҳарчанд Сейдию аз кадом таърихи мушаххас ёд накард, аммо гуфт, ки дар фурсати зуд Косово истиқлолияти худро эълон хоҳад кард. Раиси ҷумҳурии Сербистон Борис Тадич гуфт, ки Белград ҳама гуна тасмимро дар ин замина бекор мекунад. Се рӯзи музокирот чун охирин талоши Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва Русия барои ба ҳам овардани Белграду Приштина дар пайдо кардани қарори қобили қабул барои ҳама ҷонибҳо дар робита ба ояндаи Косово арзёбӣ мешуд.
XS
SM
MD
LG