Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Нуристон 12 роҳсози афғон кушта шуданд?


Волии вилояти Нуристон Тамими Нурситонӣ ба хабаргузории Франс пресс гуфт, ки ҳавопаймои эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА болои як хайма дар шимолу шарқи Афғонистон бомба партофтааст. Дар натиҷа 12 роҳсози афғон ба ҳалокат расиданд. Ҳамла рӯзи сешанбеи 27 ноябр дар вилояти Нуристон воқеъ дар 180 километрии шимолу шарқи Кобул ба амал омадааст. Дафтари матбуотии нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ гуфт, ки то кунун дар бораи ин ҳодиса иттилои дақиқ надорад. То ҳол ин бомбаборонро мансабдорони дигар низ тасдиқ накардаанд. Нуристон як минтақаи кӯҳӣ дар наздикиҳои марзи Афғонистон бо Покистон аст.
XS
SM
MD
LG