Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш: "Исроилу Фаластин барои шурӯи музокироти сулҳ розӣ шуданд"


Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳурии Амрико гуфт, ки исроилиҳову фаластиниҳо барои шурӯъи билофосилаи музокирот ба хотири расидан ба созишномаи сулҳ ризоият доданд. Буш бо ин изҳорот дар маросими оғози конфронси Ховари Миёна дар Аннаполиси Амрико, дар канори Эҳуд Олмерт ва Маҳмуд Аббос суханронӣ кард. Буш гуфт, ҳарду ҷониб ваъда доданд, ки ҳама талошашонро барои расидан ба созишномаи сулҳ равона мекунанд, ки то охири соли 2008 қабул хоҳад шуд. Вай гуфт, ҳадафи ниҳойӣ ташкили давлати мустақили Фаластин дар канори Исроил мебошад. Муфассалтар дар ин замина дар бахши гузоришҳо хоҳед шунид.
XS
SM
MD
LG