Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии Ҷорҷ Буш аз конфронси Аннаполиси Амрико


Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико дар бораи конфронси сулҳи Ховари Миёна, ки имруз дар Аннаполиси Амрико баргузор мешавад, изҳори хушбинӣ кард, вале ҳушдор дод, ки дастрасӣ ба сулҳи миёни Исроилу Фаластин созишҳои душвор мехоҳад. Вай зимни суханони худ рузи душанбе дар Вошингтон гуфт:
"Мо ҳадафи муштарак дорем¸ ки Исроилу Фаластин-ду кишвари демократӣ дар канори ҳам дар сулҳу амният ба сар баранд. Дастрасӣ ба ин ҳадаф созишҳои душвор мехоҳад ва Исроилу Фаластин раҳбарони худро интихоб кардаанд, то ҳамин корро кунанд".
Буш гуфт, ки ширкати густардаи кишварҳои Ховари Миёна ва соири кишварҳо дар ин конфронс барои расидан ба ин ҳадаф вайро "руҳбаланд" кардааст.
XS
SM
MD
LG