Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳи нави Русия дар Хуҷанд баста мешавад


Қарор аст то моҳи январи соли 2008 фаъолияти намояндагии Донишгоҳи нави Русия дар шаҳри Хуҷанд қатъ карда шавад. Ҳуқуқшиноси вазорати маорифи Тоҷикистон Қурбон Қурбонов ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, кори филиали ин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ бо даъвои вазорати маориф ва ҳукми Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон манъ карда мешавад. Ба қавли оқои Қурбонов, ин донишгоҳ фаъолияти муғойир ба қонун дошта ва таълим бар хилофи оинномааш, сад дар сад аз ҳисоби худи донишомӯзон сурат мегирифтааст. Аммо дар оинномаи донишгоҳ омадааст, ки маблағгузории онро бояд муассисаш анҷом диҳад. Ба иддаои вазорати маориф, сифат ва шароити таълим дар намояндагии Донишгоҳи нави Русия дар Хуҷанд ба 70 дар сади шартҳои дарёфти муҷаввизи фаъолият ҷавобгӯ набудааст. Додгоҳи иқтисодии устони Суғд дар моҳи августи имсол бо даъвои вазорати маориф фаъолияти ин донишгоҳро мамнӯъ эълом кард, аммо бинобар ин ки масъулини донишгоҳ ба додгоҳи олии иқтисодӣ шикояти аппелятсионӣ бурданд, додгоҳи таҷдиди назар ҳам ҳукми додгоҳи зинаи аввалро бетағйир гузошта буд. Ҳоло дар ин Донишгоҳ, ки 6 сол аст дар шимоли кишвар фаъолият дорад, 614 донишҷӯ таҳсил мекунанд.
XS
SM
MD
LG