Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози вакилони парлумони Афғонистон


Раиси палатаи поёнии маҷлиси Афғонистон ба нишони эътироз аз амалкарди ҳукумат дар қиболи ҳодисаи марги 6 вакили парлумон ва 61 мактаббача раҳпаймойии вуклоро ташкил кард. Муҳаммад Юнуси Қонунӣ гуфт, ки ҳукумат тақозоҳои парлумонро дар заминаи аз кор озод кардани мақомоти вилояти Бағлон нодида гирифт. Бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар вилояти Бағлон рӯзи 6 ноябр 77 нафар, аз ҷумла 61 хонандаи мактаб ва 6 вакили парлумон ба ҳалокат расида, беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тибқи баъзе таҳқиқот, шумори зиёди мактаббачагон баъди таркиш бар асари тирандозиҳои муҳофизон ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG