Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи Тоҷик": вуруди барқи Туркманистон озмоишист


Мақомоти ширкати «Барқи тоҷик» овозаҳо дар мавриди шурӯъи интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистонро рад карда мегӯянд, ҳанӯз мушкилоти фаннӣ дар хатҳои интиқоли барқи Узбакистон боқист.

Рашид Гулов, муъовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», гуфт, воридоти барқи Туркманистон аз тариқи шабакаҳои интиқоли барқи 220-киловолтӣ ба Тоҷикистон шурӯъ шудааст, вале ин танҳо озмоиш аст ва ба ниёзмандиҳои сокинон ба нерӯи барқ таъсир надорад. Вай афзуд, тармими шабакаҳои барқӣ дар зеристгоҳи Қароқул идома дорад.

Ба гуфтаи Рашид Гулов, дар сурати интиқоли расмии барқи Туркманистон аз тариқи шабакаҳои баландшиддати 500 киловолтӣ, дар шабонарӯз ба Тоҷикистон на камтар аз 10 миллиён киловат соат барқ ворид мешавад ва ба дунболи ин таъмини сокинон ба нерӯи барқ беҳтар мегардад.

Вале ин дар ҳолест, ки ширкати «Барқи тоҷик» бо маҳдуд кардани интиқоли барқ ба сокинони пойтахти кишвар реҷаи панҷсоатии интиқоли барқ ба сокинони манотиқи кишварро барқарор кардааст. Зеро тақрибан дар ду ҳафтаи ахир дар бархе навоҳии кишвар ба сокинон камтар аз ду соат дар шабонарӯз барқ дода мешуд.

Ва муъовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» гуфт, афзоиши меъёри интиқоли барқ ба манотиқи кишвар бо истифода аз захоири дохилӣ сурат гирифтааст, яъне ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ ба ба сокинони пойтахт ва корхонаҳое, ки зарурати зиёд ба барқ надоранд ва ё имкони бо дигар навъҳои нерӯ фаъолият карданро доранд.

Ба гуфтаи оқои Гулов, маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинони пойтахт, ки феълан дар шабонарӯз шаш соат коҳиш дода шудааст, то ворид шудани барқи Туркманистон ба кишвар ва афзоиши захоири барқ идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG