Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи хуруҷ аз Белорус


Шурӯъ аз ибтидои соли оянда сад ҳазор сокинони Белорус ҳаққи аз кишвар хориҷ шуданро нахоҳанд дошт. Владимир Наумов – вазири умури дохилаи Белорус гуфт, ки маҳдудият дар баробари афроди шартан аз озодӣ маҳрумшуда, онҳое, ки ба сирри давлатӣ дастрасӣ доранд ва касони қарздор аз бонкҳо ҷорӣ шудааст.
Ва аммо Александр Милинкевич, раиси мухолифини Белорус аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки ба “рӯйхати сиёҳ” ҳамчунин сиёсатмадорони норозӣ аз ҳукумат низ шомил хоҳанд шуд, то аз робитаи минбаъдаи онҳо бо сиёсатмадорони ғарбӣ ҷилавгирӣ шавад.

XS
SM
MD
LG