Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи алайҳи шиканҷа аз Тошканд интиқод кард


Пулис ва кормандони зиндонҳои Узбакистон пайваста аз шиканҷаи маҳбусон кор мегиранд. Кумитаи алайҳи шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид баъди таҳқиқи вазъ аз мақомоти ин кишвари Осиёи Марказӣ даъват кард, ки ҳама ҳодисаҳои марбут ба азияти маҳбусонро пажуҳиш ва гунаҳкоронро муҷозот кунанд. Дар гузориши 10 коршиноси мустақили Кумита аз он изҳори нигаронӣ шудааст, ки кормандони пулис ва нозирони маҳбасҳо барои дарёфти иқрори боздоштшудагон ва зиндониён аз ягон бадрафторӣ рӯ наметобанд.

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ аз истифодаи нерӯи низомӣ ҳангоми саркӯб кардани тазоҳуроти Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 ум низ изҳори ташвиши амиқ кардааст. Мақомоти Узбакистон намояндаи Комиссиюни ҳуқуқи башари Созмони Милалро аз кишвар ронда, ба намояндагони созмони Салиби Сурх барои ошноӣ бо вазъи маҳбасҳо иҷоза надодаанд.

XS
SM
MD
LG