Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонум Тимошенко нахуствазири Укроин мешавад?


Кобинаи вазирони Укроин ба сарпарастии Виктор Янукович дар нахустин иҷлоси порламони тозаинтихоби ин кишвар истеъфои худро эълон кард. Интихоботи порламонии Укроин моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор шуда буд. Дар ин интихобот ҳизбҳои узви эътлофи "Инқилоби норинҷӣ", ки дар соли 2004 Виктор Юшенкоро сари қудрат оварда буданд, аксарияти ночиз ба даст оварданд. Аз 450 курсии порламон ё Верховная Рада эътилофи норинҷӣ 228 курсиро ишғол мекунад. Ин эътилофро хонум Юлия Тимошенко раҳбарӣ мекунад ва коршиносон мегуянд, ки мумкин аст Виктор Юшенко-раиси ҷумҳур аз хонум Тимошенко бихоҳад, ки раҳбарии кобинаро бори дуввум бар уҳда бигирад. Дар соли 2005 баъд аз 8 моҳи нахуствазирӣ раиси ҷумҳур Юлия Тимошенкоро аз мақом барканор карда буд.
XS
SM
MD
LG