Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 1 тонн маводди мухаддир нобуд мешавад


Имрӯз дар оташдонҳои Ожонси назорат бар гардиши маводди мухаддири Тоҷикистон беш аз як тонн маводди мухаддир нобуд карда мешавад. Ба гуфтаи Аваз Назаров, сухангӯи ин ниҳод, наздики 500 килои онро ҳероин ташкил хоҳад дод. Ҷараёни оташсӯзии маводди мухаддирро расонаҳои гурӯҳӣ назорат хоҳанд бурд. Ҳамзамон қарор аст имрӯз расми тақдимоти таҷҳизоти махсуси дарёбкунандаи маводди мухаддири истеҳсоли Чин ба Ожонси мазкур сурат мегирад. Ин таҷҳизоб 4 миллион доллари амрикоӣ арзиш доштааст.

XS
SM
MD
LG