Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хешовандон мегӯянд, зиндониҳо шиканҷа шуданд


Хабаргузориҳои ғарбӣ ба нақли қавл аз хешовандони ду зиндонии даргузашта дар маҳбасҳои Ӯзбакистон ва фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар ҷасадҳои онҳо осори азияту озор ва шиканҷа бармало намоён будааст. Ҳарду мард дар зиндони Андиҷон бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои тундрави исломӣ ба сар мебурданд. То ин лаҳза ҳеҷ як аз мақомоти Ӯзбакистон омода нашуд дар ин замина тавзеҳ бидиҳад. Созмонҳои бонуфузи ҳуқуқи башар ва бархе давлатҳои ғарбӣ Ислом Каримов, раиси ҷумҳурӣ ва низоми додгустарии Ӯзбакистонро аз вуҷуди ҳамешагии шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳотиашон танқид мекунанд.
XS
SM
MD
LG