Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таътили ятимони беларусӣ дар Итолиё аз сар гирифта шуд


Ҷумҳурии Беларус дирӯз бо Итолиё қарордодеро ба имзо расонид, ки иҷозаи дар рӯзҳои таътил ба Итолиё рафтани ятимон ва дар оилаҳо зиндагӣ кардани онҳоро иҷозат медиҳад. Созишномаи нав як сол баъди он ба имзо мерасад, ки Беларус барномаи ирсоли атфолро ба Итолиё боздошта буд. Дар он ҳодиса як ҷуфти итолиёӣ нахост кӯдаки беларусии ятимро дубора ба ватанаш бозгардонад. Як ҷуфти итолиёйӣ духтари 10-сола Виктория Морозро мехостанд дар шимоли ин кишвар пинҳон кунанд. Ин ҷуфт гуфт, ки кӯдак дар ятимхона бо рафтори ношоиста мувоҷеҳ аст. Аммо ин иттиҳомотро мақомоти Беларус рад карданд. Қабл аз ин, ҳар сол ҳудудан 30 ҳазор тифли ятими беларусӣ барои истироҳат ва тафреҳ дар рӯзҳои таътил ба Итолиё фиристода мешуданд.
XS
SM
MD
LG