Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарвазирони ИДМ дар Ишқобод


Имрӯз дар Ашқобод мулоқоти сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ доир мешавад.

Аз соли 1993 ба ин тараф ин аввалин мулоқоти раҳбарони баландпояи ин иттиҳод дар Туркманистон аст.

Собиқ президенти Туркманистон Сапармурод Ниёзов, ки бо ҳукуматдории худкомааш ин кишварро дар инзивоъ қарор дода буд, соли 2005-ум узвияти Туркманистон дар Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъро бо мақоми нозир маҳдуд карда буд.

Шореҳон бо ишора ба мизбонии мулоқот мегӯянд, президенти нави Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов самтгирии кишварро тағйир медиҳад.

Дар рӯзномаи нишасти Ашқобод аз ҷумла масъалаи соддатар намудани фаъолияти гумрук дар миёни 12 кишвари узв аст, ки имкони фурӯши нерӯи барқро фароҳам меорад.

Дар Ашқобод ҳайъати Тоҷикистонро сарвазир Оқил Оқилов сарварӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG