Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 кушта дар Ироқ


Полиси Ироқ гуфт, ки дар саросари ин кишвар дирӯз бар асари ҳамлаи ҷангиён 14 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар миёни онҳо, 5 нафар бар асари як бомба дар дохили мошин ба ҳалокат расиданд. Полис инчунин гуфт, ки дар Бақуба се нафар кушта шуданд. Як мошини ҳомили бомба дар шаҳри шимолии Мосул, ки ҷониби полис равона шуд, се мулкиро кушта ба ҷо гузошт. Бар асари таркиши бомбаи сарироҳӣ дар Тиқрит як афсари полис ҷон дод. Дар ҳамин ҳол, артиши Амрико гуфт, ки се сарбози ин нирӯҳо дар вилояти Диёла, бар асари як ҳамлаи маргталабона ҷони худро аз даст доданд.

XS
SM
MD
LG